ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, шанбе, 281-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 8, 2022 08:00

8 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.

***

9 сол пеш, 8 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи «Авесто Арена» ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар маркази ноҳияи Ванҷ толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст.

8 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рӯзи кишоварзон ва кормандони хоҷагии деҳқонӣ.

***

Дар ИМА- рӯзи миллии кӯдакон.

РӮЙДОДҲО:

8 октябри соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» баргузор гардид.

***

8 октябри соли 2016 масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикии худро ҷиҳати   роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу ирсол намуд.

***

8 октябри соли 1818 англисҳо бори аввал дар бозии бокс аз дастпӯшакҳо истифода бурданд.

***

8 октябри соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе китоби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Султони заҳмат» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1967 дар Англия бори нахуст дастгоҳи муайянкунандаи машруботи спиртӣ дар бадани ронандагон мавриди истифода қарор дода шуд.

Октябрь 8, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш