«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Ин намоишро беш аз 70 ҳазор нафар тамошо намудаанд

Октябрь 14, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Намоиши  «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 64 ҳазор нафар ва шакли сайёри онро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Панҷакент ва Хуҷанд 6 ҳазор нафар тамошо намудаанд. Чунин зикр шуд дар ҳамоиши илмӣ—маърифатӣ оид ба натиҷагирии намоиши«Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки 13 октябр дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фариун  Кенҷаев  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» яке аз намоишҳои бузургтарини ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон чун нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим ва назаррас мебошад.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳо  марбут ба таърихи ташкили намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ», теъдоди тамошобинони намоиш ва инъикоси намоиши мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии Осорхонаи миллӣ баррасӣ гардиданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»

Октябрь 14, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад