Тоҷикистон ва Таиланд табодули таҷрибаро дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ба роҳ мемонанд

Октябрь 8, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия, Подшоҳии Таиланд, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЭСКАТО Ардашер Қодирӣ 5 октябр бо Вазири сайёҳӣ ва варзиши Подшоҳии Таиланд Пҳипҳат Ратчакитпракарн вохўрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафир бо таъкиди таҷрибаи ғании Таиланд дар соҳаи сайёҳӣ ва варзиш, ҳавасмандии Тоҷикистонро дар ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар самтҳои гуногун, аз қабили ташкили чорабиниҳои сайёҳӣ, семинарҳо, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш изҳор дошт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳоро идома диҳанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Октябрь 8, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд