Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози вохӯрӣ ҳайати меҳмонон аз толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо нусхаи дастхатҳои нодири Китобхона, ки аз осори пурғановати шоирони классикии тоҷику форс, аз қабили «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Насриддини Тусӣ ва дигарон гирдоварӣ шудаанд, шинос шуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимона вобаста ба нашри китобҳои адибони ду кишвар, баргузории намоишҳои китобӣ, барномаҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳа сурат гирифт.
Пас аз анҷоми вохӯрии дӯстона ҷонибҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат ороста, баргузории рӯзҳоро дар Тоҷикистон падидаи беназири фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд






