Вазири маориф ва илм аз мактабҳои зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зарардида дар муноқишаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, ба омӯзгорон ва хонандагони зарардида кумак расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазир инчунин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва омодагӣ ба фасли зимистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва муассисаҳои шаҳри Истаравшан дидан намуд.
Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Варзоб дар пешбурди фаъолияти таълимии муассиса баъзе мушкилоту норасоиҳо, аз қабили ба таълиму тарбия машғул будани омӯзгорони ғайритахассус, тибқи талабот нагузоштани ҷадвали дарсӣ, сари вақт пур накардани журналҳои дарсӣ, дар ҳолати корӣ қарор надоштани ҷевонҳо ва ғайра ба мушоҳида расиданд.
Вобаста ба ин ва дигар ҳолатҳо ба масъулини муассисаи таълимӣ, аз ҷумла ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Инчунин зимни сафари корӣ Вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 деҳаи Оби зулоли шаҳри Истаравшан, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Неъмат Аминови шаҳри Истаравшан дидан намуд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур вазир ба вазъи таълиму тарбия, норасоии омӯзгорон, ташкили мафҳилҳо, дарсҳои иловагӣ, кружокҳо, дастраси хонандагон ва омӯзгорон гардидан ва аз худ кардани Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (400 луғат), омодагӣ ба фасли зимистон ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Аз ҷониби Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамзамон ба кормандони дастгоҳи вазорат дастур дода шуд, ки масъалаҳои мазкур дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






