Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозӣ супорид
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 октябр, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуд.
«Ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти роҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Ч. Кустебаев супорида шуд»,- хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зимнан зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ин гуна изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро чун далели аз миён рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани ахлоқи одии дипломатӣ медонад.Таъкид гардид, ки ин тавзеҳоти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон кӯшиши дағалонае барои таҳмили ақидаи бардурӯғ ба афкори умум доир ба сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба ҳолат ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад.
Зимни мулоқот доир ба зарурати ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайдо шудани паёмҳо дар фазои иттилоотӣ, ки метавонанд ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андозанд, табодули афкор сурат гирифт.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






