Дар Остона Анҷумани 7-уми омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Октябрь 3, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 03.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 4-6 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар мавзӯи «Ташкили кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар воқеияти нав ва дигаргунсозии раванди таълим дар давраи пас аз пандемия» Анҷумани VII омӯзгорон ва кормандони маориф баргузор мешавад.  Дар анҷуман ҳайати Тоҷикистон иборат аз 12 нафар таҳти сарварии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдуллозода иштирок мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барномаи анҷуман ба кори 9 бахши мавзӯӣ доир ба самтҳои гуногун  асос ёфтааст: мазмуни таълим, арзёбӣ, арзишҳои умумибашарӣ, рушди омӯзгорон, таҳсили иловагӣ, трансформатсияи рақамӣ, некуаҳволии кӯдакон, таҳсилоти фарогир ва касбӣ-техникӣ. Барномаҳои муколама ба саводнокии хониш дар давраи рақамисозӣ ва ҳамкорӣ бо волидон бахшида мешаванд.

Дар доираи анҷуман Фестивали II маҳорати педагогӣ баргузор мегардад, ки ба марҳилаи ҳузурии он ғолибон, омӯзгорон аз кишварҳои ИДМ омада, дарсҳои озмунӣ намоиш медиҳанд. Дар охири фестивал дипломҳо дар се номина тақдим карда мешаванд: «Муаллим», «Омӯзгор», «Равоншинос/педагоги иҷтимоӣ».

Дар ҷараёни кори анҷуман намоиши маҳсулоти рақамӣ ва чопии соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёна, инчунин маҷмӯаи таълимию методии иштироккунандагони чорабинӣ ташкил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки Анҷумани омӯзгорон бо қарори Конфронси вазирони маорифи кишварҳои ИДМ (23 октябри соли 2008, Остона) дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Аввалин анҷуман соли 2010 дар Қазоқистон баргузор шуда, баъдан анҷуманҳо бо навбат дар Арманистон, Беларус, Россия, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир  шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 27-29 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор шуда буд. Он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид. Дар Анҷумани VI омӯзгорон ва намояндагони низоми маорифи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин аз Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Бори аввал дар доираи Анҷуман Фестивали байналмилалии маҳорати педагогӣ баргузор гардид, ки он имкон дод омӯзгорони боистеъдод ва муваффақи кишварҳои ИДМ аз рӯи номинаҳои «Муаллим», «Мураббӣ» ва «Равоншинос (педагоги иҷтимоӣ)» муайян карда шаванд.

АКС:АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивал- намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Доир ба нақш ва ҷойгоҳи муҳаққиқони ватанӣ дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт