106 нафар наваскарони даъвати тирамоҳӣ аз 3 қисми ҳарбӣ савганди садоқат ёд карданд

Ноябрь 18, 2022 14:22

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ 106 нафар наваскарони даъвати тирамоҳии соли равон аз 3 қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар маркази омӯзишӣ ин наваскарон давраи таълимии ҷанговари ҷавонро хатм карданд. Дар ҷараёни он барояшон аз омодагиҳои ҳарбӣ, сафороӣ, тайёриҳои ҷисмониву ҳарбӣ дарс гуфтанд ва бо низоми ҳарбӣ шинос намуданд.

Сарбозон дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон ва меҳмонони даъватшуда дар даст силоҳ ба номи Ватан савганд ёд карданд, ки вазифаи ҳарбии худро сазовор ичро намуда, истиқлолияти Ватани азизро мардонавор ҳифз мекунанд. Хизматчиёни ҳарбӣ зери санади савганди ҳарбӣ имзо гузоштанд.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумита, сарбозони интернатсионалист, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии минтақа, волидон ва хешу табори наваскарон иштирок доштанд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Имомалӣ Иброҳимзода изҳори умед кард, ки наваскарон дар иҷрои вазифа боинтизом хоҳанд буд, ба Ватан садоқатмандона хизмат намуда, бо ҷасорату мардонагӣ аз тамомияти арзии он ҳимоя ва дар таъмини амнияти кишвару шаҳрвандони он талош хоҳанд кард.

Дар поёни маросим сафороии ҳарбӣ баргузор шуд.

Пас аз маросими тантанавии савгандёдкунии ҳарбӣ муовини раиси Кумита, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидони хизматчиёни ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуданд.

АКС: КҲФ ва МГ

Ноябрь 18, 2022 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд