30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ. Дар Суғд таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Ноябрь 15, 2022 09:58

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва МИҲД-и вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода зикр кард, ки 16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.

Ҳамчунин Зуфар Исмоизода аз иқдоми пешгирифтаи КИМ ҲХДТ ва МИҲД-и вилоят оид ба баргузории Аксияи «Албом-эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» ёдовар шуда, баён дошт, ки Албом аз қасри Арбоб, ки оғозгоҳи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, сафари худро шурӯъ намуда, дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо гузаронидани силсилачорабиниҳои васеи сиёсӣ, оммавӣ, фарҳангӣ, илмӣ, варзишӣ ва мулоқоту суҳбатҳо баргузор гардида, ба осорхонаи қасри таърихии “Арбоб” супорида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории аксияи «Албом-эстафета»- ташвиқу тарғиби ғояҳои сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ ва тарғиби хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз иброз дошт, ки «вақте сухан дар бораи нодиртарин падидаи ҳаёти тоҷикон дар тӯли 30 соли охир меравад, симои абармарди арсаи сиёсат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қаҳрамони истиқлолият пеши назар ҷилвагар мешавад. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои ба кишвари аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил додани Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон равона сохта, дар ин роҳ муваффақ гардиданд. Таҷрибаи нодири сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунё шоистаи дастгирӣ гардид. Андешаҳои арзишманди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо, конфронсҳо, анҷуманҳо кишвари моро ба маҷрои осоишта бурд, тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаҳои ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо аз нав эҳё гарддид ва оқибат Истиқлолияти воқеӣ зуҳур ёфта, созандагӣ оғоз шуд».

Вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, профессор, мудири шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулманнон Саидов, Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Дилафрӯз Рабизода, профессор, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара Шариф Қозиён андешаҳои худро бобати Иҷлосияи тақдирсоз баён доштанд.

Дар фарҷоми конференсия иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.

Акс: КИМ ҲХДТ

Ноябрь 15, 2022 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид