Ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Узбекистон сафар намуд

Ноябрь 23, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бо роҳбарии Раиси Иттифоқ Зинатуллоҳ Исмоилзода ба Узбекистон аз 23 то 27 ноябр сурат мегирад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ИЖТ.

«Сафари мазкур бо даъвати Иттифоқи журналистони Узбекистон доир гардида, зимни он дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро мулоқоту суҳбатҳо бо ҳампешагон дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии Ургут дар назар аст. Дар баробари ин меҳмонон аз маконҳои сайёҳии Узбекистон низ боздид менамоянд»,- гуфт Раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз соли 2018 дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо рӯ ба беҳбудӣ оварданд. Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд Созишномаи ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Узбекистон ба имзо расид. Дар асоси он 12-16 октябри соли 2022 ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ба ҷумҳурии мо ташриф оварда, таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи журналистони Узбекистон Олимҷон Усаров дар зарфи панҷ рӯз бо дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода шинос гардид.

Рӯзноманигорони узбек бо ҳампешагони тоҷики худ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд вохӯриҳои судманд доштанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Узбекистон панҷ рӯз давом мекунад.

АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд