«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Меҳмонони Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор мегардад, бо имконти сайёҳии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар доираи баргузории синамоҷоиза меҳмонон мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрори шаҳрҳои Норак, Турсунзода ва Ҳисорро тамошо менамоянд. Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти муосир, имконоти сайёҳӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос мегарданд.
Зимни сафар ба ин шаҳрҳо меҳмонон метавонанд бо мероси ғании таърихию фарҳангии мамлакат, ёдгориҳои бостонӣ, мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва имконоти рушди соҳаи сайёҳӣ шинос шаванд. Тоҷикистон бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалак, кӯлҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихӣ ва анъанаҳои қадимии миллӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконияти васеъ дорад.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат бо инфрасохтори муосир, муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои зебо ва мавзеъҳои тамошобоб яке аз марказҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Шаҳрҳои Норак, Турсунзода ва Ҳисор низ дорои имконоти назарраси сайёҳӣ мебошанд. Мавзеъҳои табиӣ, иншооти муҳими энергетикӣ ва ёдгориҳои таърихии ин минтақаҳо метавонанд дар муаррифии зарфияти иқтисодию сайёҳии мамлакат саҳми муҳим гузоранд.
Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ дар баробари рушди ҳамкории эҷодӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ба имконияти сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд. Аз ин рӯ синамо ҳамчун воситаи муҳими муаррифии таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҷомеа метавонад дар шиносонидани Тоҷикистон ба ҷаҳониён нақши муассир дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» баргузор мегардад. Ҳадафи он дастгирии синамои миллӣ, рушди иқтидори эҷодии филмсозон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва таҳкими ҳамкории эҷодӣ мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам намудани мавқеи Душанбе ҳамчун маркази муҳими фарҳангӣ ва муколамаи тамаддунҳо мусоидат менамояд.
Синамоҷоиза барои қадршиносии ҳунари асил, муаррифии филмҳои арзишманд ва густариши ҳамкории синамогарони Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Он ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16 октябр таҷлил мегардад, бахшида шуда, ба муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино равона шудааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






