Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Боку иштирок намуд

Ноябрь 1, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 31 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии мубодилаи маълумот дар занҷираҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуда, сухан гуфт.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронсро Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашад Набиев якҷо бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Олга Алгаёрова ифтитоҳ намуданд. Дар кори он муовинони вазирони рушди иқтисоду савдо, инноватсияву рақамикунонӣ ва намояндагони доимии кишварҳои аъзои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

А.Абдураҳмонзода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори кишвар якчанд санадҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Консепсияи ҳукумати электронӣ, қонунҳо «Дар бораи имзои рақамӣ», «Дар бораи савдои электронӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

Инчунин дар доираи конфронси мазкур вобаста ба нақши стандартҳои СММ дар рақамикунонии мубодилаи маълумоти тиҷоратӣ истифода аз технологияҳои инноватсионии рақамӣ, содагардонии расмиёти тиҷорати фаромарзӣ, ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои транзитӣ ҳангоми интиқоли борҳо миёни кишварҳои аъзои СПЕКА ва таҷрибаи беҳтарин дар ин самт бо истифода аз кумакҳои шарикони рушд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар конфронс истифодаи стандартҳои байналмилалии СММ (СЕФАКТ СММ) дар самти рақамикунонӣ ва ҳамоҳангсозии низомҳои «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» миёни кишварҳои аъзои СПЕКА зарур арзёбӣ гардид.

Дар натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии табодули иттилоот дар занҷираҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ қарор қабул гардид, ки тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои баррасӣ ба Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА пешниҳод гарданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 1, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд