Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 ноябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода дар Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Абдураҳмон Аламшозода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маблағгузории терроризм, тақвияти мудирияти сарҳадоти давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам ибрози андеша намуд.
Мавсуф инчунин дар ҷаласаи пленарии конфронс суханронӣ карда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва мубодилаи маълумоту таҷриба дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузорӣ ба он даъват ба амал овард.
Дар ҳошияи конфронс мулоқоти Абдураҳмон Аламшозода бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Свагат Дас доир гардид.
Зимни мулоқот имконияту роҳҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят, аз ҷумла тақвияти иқтидори миллӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.
Акс: ВКД ҶТ










Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд






