Алексей Оверчук: «Россия ба нақша гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати нассоҷӣ рушд диҳад»
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мо нақша дорем, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати нассоҷӣ рушд диҳем. Дар оянда мо дастгирии лоиҳаҳоро дар бахши технология такмил медиҳем. Вобаста ба соҳаҳои маориф, фарҳанг ва гуманитарӣ, мо масъалаи зиёд кардани бурсияҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик дар Россияро ба беш аз 1000 нафар баррасӣ кардем. Соли оянда мо нақша дорем, ки ба ин марҳила бирасем», — иттилоъ дод ба намояндагони ВАО муовини сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар ҷамъбасти ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад, Алексей Оверчук тазаккур дод, ки имрӯз мубоҳисаи созанда сурат гирифта, таваҷҷуҳ бештар ба ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ зоҳир гардид, зеро аз ҷониби Тоҷикистон имконоти бисёр хуби сармоягузорӣ пешниҳод карда шуданд.
«Мо ин масъаларо дар оянда низ баррасӣ мекунем ва гурӯҳи махсус таъсис медиҳем, ки ба татбиқи он машғул шавад. Имрӯз, пеш аз ҳама, мо таваҷҷуҳро ба он ҷалб кардем, ки гардиши савдои мо соли 2021 бисёр хуб – 44 фоиз афзуд, имсол низ он хуб афзоиш меёбад. Мо барои рушди соҳаи муҳоҷират пайваста талош дорем. Ҳоло мо болои «барномаи мобилӣ» кор карда истодаем, ки дар маҷмӯъ ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои пайдо кардани ҷои кор, иҷрои тамоми расмиёти зарурӣ, гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ кумак мерасонад. Аз ҷумла умедворем, ки мо метавонем хизматрасоние роҳандозӣ намоем, ки имкон диҳад маълумот дар бораи маҳдудияти вуруд ба таври маҷозӣ пешниҳод гардад. Инчунин барои осон кардани сабти ном дар ҷои истиқомат кор хоҳем кард, то шахс худаш омада, худро сабти ном кунад, на шахсе, ки ҳуҷраашро ба иҷора медиҳад. Мо ба ҳамаи ин мушкилот вокуниш мекунем ва аз ин нуқтаи назар низ беҳбудиҳо хоҳанд шуд»,- гуфт муовини сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук.








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






