АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ТУРКИЯ. Шаш нафар кушта, беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд
ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Туркия нафареро боздошт кард, ки гумон меравад дар кӯчаи Истиқлоли ноҳияи Бейоғлуи Истанбул бомба гузоштааст ва он рӯзи якшанбеи 13 ноябр таркиш ба амал овард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу иттилоъ додааст.
“Нафаре, ки дар Бейоғлу бомба гузошта буд, аз ҷониби Раёсати амнияти Истанбул боздошт шуд. Ӯ мавриди бозпурсӣ қарор дорад», — гуфт ӯ ба хабарнигорон. Навори суханронии ӯ дар саҳифаи Twitter нашр шудааст. Сойлу гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ далелҳое дар даст доранд, ки изи ҳамлаи террористӣ ба Сурия мебарад ва ба он гурӯҳҳое ҳамроҳанд, ки аз ҷониби Анқара террористӣ эътироф шудаанд. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, то кунун беш аз 20 нафар, ки эҳтимол дар ин ҳамла даст доранд, боздошт шудаанд.
«Тибқи арзёбии мо, фармон барои анҷом додани ҳамлаи террористӣ аз Кобани расида ва иҷрокунандаи ҳамла аз Африн омадааст», — гуфт вазир. Кобани ва Африн- шаҳрҳое дар шимоли Сурияанд, ки дар он ҷо фаъолияти Ҳизби коргарии Курдистон (PKK) ва «Неруҳои худдифои халқӣ» (НХХ) -и курдҳои суриягӣ мамнӯъ аст. «Хулосаҳои мо ба PKK/НХХ ишора мекунанд», — изҳор дошт вазир.
Тавре губернатори Истанбул Алӣ Йерликая дар «Twitter» хабар додааст, 50 зарардида пас аз табобат аз беморхонаҳо ҷавоб шуда, 31 нафар то ҳол таҳти назорати духтурон қарор доранд. Дар ин ҳамла 81 нафар ҷароҳат бардоштаанд. «Аз панҷ тане, ки дар вазнинхона қарор доранд, ду нафарашон дар ҳолати вазнинанд», — афзуд ӯ.
Нимаи дуюми 13 ноябр дар кӯчаи серодам ва миёни сайёҳон маъруфи Истиқлоли ноҳияи Бейоғлу таркиши пурқувват рух дод. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин таркиш шаш нафар кушта ва беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қаблан гуфта буд, ки дар ин ҳодиса изи террористӣ вуҷуд дорад. Ноиби президенти ҷумҳурӣ Фуат Октай баъдан гуфт, ки маводи таркандаро як зан ба кор андохтааст.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Мақсудова дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул (Туркия) хабар доданд, миёни қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар кӯчаи Истиқлол шаҳрванони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.
Акс: AFP 2022








Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






