Ҳамкории судманд миёни низомҳои бонкии Тоҷикистон ва Швейтсария муҳокима шуд

Ноябрь 3, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба ва боз ҳам беҳтар кардани рушди низоми бонкии кишвар 31 октябр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки миллии Швейтсария таҳти сарварии роҳбари аъзои  алтернативии раёсати Бонки миллии Швейтсария Аттилио Заннети мулоқот баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, Ҳоким Холиқзода маълумоти заруриро оид ба вазъи низоми бонкии ҷумҳурӣ пешниҳод ва сатҳи ҳамкории дуҷонибаро самаровар арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки солҳои охир бинобар вазъи душвори геосиёсӣ ва бо назардошти афзоиши фаъолнокии бонкҳои тиҷоратӣ дар кишвар барқарор намудани робитаҳои мустақими муросилотӣ миёни ташкилоти қарзии ду кишвар муҳим ва зарур арзёбӣ мегардад.

Дар баробари ин диққати ҳайати Бонки миллии Швейтсария ба густариши ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ, аудити дохилӣ, омор ва тавозуни пардохт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурбӣ, кумаки техникӣ оид ба таҳия ва татбиқи системаи муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар БМТ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути табодули таҷриба ҷалб карда шуд.

Роҳбари ҳайати Бонки миллии Швейтсария Аттилио Заннети аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани онҳо дар оянда изҳори умед кард.

Мавсуф иброз дошт, ки мо ҳамкории худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Бонки миллии Тоҷикистон қадр мекунем, зеро масъулияти баланди вазифавӣ ва муносибати хуб аз ҷониби ҳамкорони тоҷик низ баръало эҳсос мегардад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои ҳамкории дуҷонибаи судманд шароити мусоид муҳайё шуда, ҷиҳати амалӣ гаштани он аз ҳарду ҷониб мутахассисони касбию кордон омодаи коранд.

Дар поёни суҳбат ҷонибҳо бори дигар барои рушди ҳамкории минбаъдаи судманд миёни низомҳои бонкии Тоҷикистон ва Швейтсария омодагии хешро баён доштанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид