БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То охири сол дар Муъминобод 100 иншоот мавриди истифода қарор мегиранд

Ноябрь 7, 2022 09:51

МУЪМИНОБОД, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сохтмони 400 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки қариб 100 адади он то охири соли 2022 мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.

Дар айни замон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳибкорони маҳаллӣ хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногун бунёд намуда истодаанд. Баъди ба истифода додани онҳо барои садҳо нафар сокинони шаҳр ҷойи кор ва шароити созгори зиндагӣ муҳайё мегардад.

Ҳоло дар 8 муассисаи таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, аксари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун» корҳои сохтмониро дар бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №5-и ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳия барои 240 ҷои нишаст дар ду баст идома дода истодааст. Ҳоло дар ин иншоот 15 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Сохтмончиён ошёнаи якум ва дуюми биноро ба анҷом расонида, ба болопӯш кардани бино машғул мебошанд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз 10 синфхона, утоқи директор утоқи ҷамъшавии омӯзгорон ва дигар утоқҳо иборат мебошад.

Сохтмони бинои иловагии муассиса соли 2022 оғоз гардида, соли 2023 ба анҷом мерасад. Маблағгузории бино аз ҷониби Бонки Исломии Рушд роҳандозӣ гардида, гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт назорати қатъӣ ба роҳ мондааст.

Директори муассиса Пиримшо Саҳроев аз дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки муассиса қаблан шароити хуб ва синнфхонаҳо барои фанҳои дақиқ надошт. Баъди ба итмом расидани бино барои хонандагон шароити хуби таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Инчунин бахшида ба ҷашни фархунда дар айни замон садҳо метр роҳҳои пиёдагарди шаҳр сафолакпӯш карда шуда, як қисми масолеҳи сохтмонӣ дар таъмири роҳҳои мошингард ва пиёдагарди маҳаллаҳо истифода мешавад. Дар маҳаллаҳои навбунёд садҳо метр роҳҳо сангфарш ва пояҳои чӯбини хатҳои барқ ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ