Беш аз 6 миллион нафар дар Украина бе барқ монданд

Ноябрь 26, 2022 12:21

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Дар Украина беш аз 6 миллион нафар бе барқ ​​мондаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба президенти ин кишвар Владимир Зеленский хабар додааст.

Ба гуфтаи сарвари Украина, вазифаи аввалиндараҷа — барқарор кардани неруи барқ ​​дар кишвар аст. Ҳоло дар аксари минтақаҳо ва Киев қатъи неруи барқ идома дорад. Норасоии неруи барқ мавҷуд аст.

Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Украина, се неругоҳи атомӣ — Ровне, Хмелнитский ва Украинаи ҷанубӣ ба таври изтирорӣ аз системаи энергетикӣ ҷудо карда шуданд, аксари неругоҳҳои ҳароратӣ ва обӣ аз барқ ​​маҳрум карда шудаанд, иншооти интиқоли неруи барқ ​​осеб дидаанд.

АКС: Pixabay

Ноябрь 26, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид