ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Баҳодур Усмонов ба даври дуюм роҳ ёфт, вале Шаббос Негматуллоев ноком шуд

Ноябрь 2, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони Урдун бе мушкилӣ ба даври дуюм роҳ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Рақиби Баҳодур Нодир Бадрон  аз кишвари Кувайт барои рақобат бо Усмонов  ҳозир нашуд. Ҳамин тавр пирӯзӣ насиби Баҳодур шуд ва ӯ рақобатро дар даври баъдӣ идома медиҳад.

Рақиби Баҳодур дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ муштзани тайиландӣ  Сомчай  Вонгсуван аст. Рақобат 4 ноябр баргузор мегардад. Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Чемпионати Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван мағлуб гардида буд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80 кг дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Урдун ноком шуд.

Дар даври аввал Шаббос бо намояндаи Ҳиндустон — Лакшюа Чаҳар қуввазмоӣ кард, ки дар натиҷа муштзани ҳиндустонӣ ғолиб шуд.

Дар 5 даври рақобат бартарӣ пурра насиби Лакшюа Чаҳар шуд.

Ҳамин тавр, Шаббос Негматуллоев аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони кишвари Урдун аз 1 то 12 ноябр идома мекунад.

АКС: ASBC/ТВ «Варзиш»

Ноябрь 2, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд