Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 12.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд” Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ оғоз гардид.
Дар ҳамоиши илмию амалии байналмилалӣ олимону донишмандон аз кишварҳои Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Беларус ва Қазоқистон иштирок доранд.
Дар қисмати пленарии кори конференсия доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Андрей Марголин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ноиби якуми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус Олга Солдатова ва дигар олимон тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ сухан гуфтанд.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода зикр кард, ки “Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Баъди 30 соли сипарӣ шудани ин он мо гуфта метавонем, ки ин иҷлосияи тақдирсозу миллатсоз ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули минбаъдаи давлатдории тоҷикон заминаи устувор гузошт. Ба ёд овардану пос доштани ин санаи муҳимми хотирмони таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад».
Ректори Академия иброз дошт, ки “худидораи маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ дар низоми муносибатҳои байниҳамдигарии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат нақши миёнаравӣ ишғол намуда, дар низоми идоракунии давлат алоқаҳои бевосита ва баргаштро таъмин менамояд. Инкишофи институти худидораи маҳаллӣ ҳамчун унсури асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон решаи амиқи таърихӣ ва анъанавӣ дорад. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон ба ин масъала ҳамчун яке аз муҳимтарин институтҳои идоракунии ҷомеа диққати махсус дода мешавад».
Дар қисмати пленарӣ масъалаҳои назарияҳои асосии худидоракунии маҳаллӣ, мушкилот ва дурнамои рушди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҳамкории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дастовардҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар замони истиқлоли давлатӣ, таҳқиқи масъалаҳои актуалии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, такмили салоҳияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Худидоракунии маҳаллӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бахшҳо имрӯз, 12 ноябр низ идома меёбад.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ










Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид






