Дар Ашқобод миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд

Ноябрь 11, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Ашқобод даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва ҳайати Туркманистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Вепа Ҳоҷиев роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳои нақлиётӣ миёни ду кишвар изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти идомаи муколамаи муқарраршуда дар сатҳҳои гуногунро барои диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкории судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад, таъкид намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 11, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна