Дар Душанбе масоили афзоиши гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Юнон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 22 ноябр муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва Екатерини Нассика вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаҳои ба маротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Юнон баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкории муосир, дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Юнон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши савдои дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, ба монанди меваю сабзавот, хушкмева, асал ва обҳои нӯшокӣ ба Ҷумҳурии Юнон, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта ва дигар самтҳои афзалиятнок ироа гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






