Дар Душанбе усулҳои муосири ташхису табобати бемории гемофилия баррасӣ шуданд

Ноябрь 8, 2022 16:28

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миллӣ вобаста ба бемории гемофилия дар ҳолати коркард қарор дошта, интизор меравад, ки дар оянда барномаи мазкур дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардад. Ин нукта имрӯз, 8 ноябр дар шаҳри Душанбе зимни конфронси сатҳи баланд оид ба мавзӯи «Ошкор намудани гемофилия, табобати он ва дигар ихтилоли хунравии нодир» зикр гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Конфронси мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Федератсияи ҷаҳонии гемофилия баргузор гардида, дар он масъулини Вазорати тандурустии мамлакат, Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои ҷумҳурӣ, табибону мутахассисон аз Федератсияи Россия ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки гемофилия — бемории ирсӣ буда, аз рӯи генҳои волидайн аз насл ба насл мегузарад. Дар беморони гемофилия нисбат ба шахсони солим хунравӣ дарозтар буда, он аз норасоии омилҳои шахшавии хун вобастагӣ дорад. Ашхоси мубталои ин беморӣ аз ҷиҳати хунравӣ дар буғумҳо ҳамеша азият мекашанд, зеро қобилияти шахшавии хуни онҳо хеле суст мешавад.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷиб Азизӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 5 сол аст, ки Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Он 21 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур- ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имконияти баробар бо дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

«Имрӯз дар мамлакат қариб 800 нафар гирифторони бемории гемофилия ба қайд гирифта шудаанд, ки дар сурати сари вақт ба ташхису табобат фаро нагирифтан эҳтимол дорад шумораи онҳо афзоиш ёбад. Аз ин рӯ умед мебандем, ки конфронси имрӯза дар самти ташхису табобати бемории гемофилия ба мо имконияои боз ҳам муҳим хоҳад дод», — афзуд мавсуф.

Тавре президенти Ташкилоти умумироссиягии гемофилҳо Юрий Жулёв зимни суҳбат иброз намуд, «мо хушҳол ҳастем, ки бо ҳайати калони мутахассисони гемофилия барои муболидаи таҷриба ва дарёфти роҳҳои ташхису табобати ин бемории мушкил ба шаҳри зебои Душанбе омадем. Мо медонем, ки новобаста аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар ин соҳа баъзе мушкилиҳо дида мешаванд. Аз ҳамин хотир дар самти ташхису табобат ва таъминот бо маводи доруворӣ дар якҷоягӣ метавонем ин мушкилотро бартараф намоем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона, кӯдакони гирифтори гемофилия дар аксар маврид маъюб мегарданд, аммо мо метавонем ин вазъиятро дар сурате тағйир диҳем, ки агар ҳамроҳ амал намуда, диққати асосиро ба усулҳои ташхису табобат ва таъмини маводи доруворӣ равона созем. Мехостам миннатдории худро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд расонам».

Мавсуф зикр намуд, ки «гемофилия — ин бемории наслӣ буда, ба он асосан писарбачаҳо гирифтор мешаванд. Мутаассифона, бемории мазкур табобатнашаванда мебошад, аммо доруҳое ҳастанд, ки метавонанд ба беморон имконият диҳанд зиндагии худро мисли одамони солим бо хушҳолӣ сипарӣ намоянд. Дар сурати сари вақт истеъмол намудани чунин маводи доруворӣ фарқият миёни беморони гемофилия ва одамони солим дар дарозумрӣ дида намешавад. Аммо дар сурати истеъмол накардани доруҳо ҳаёти онҳо ба хатар мувоҷеҳ мегардад. Замоне, ки мо фаъолиятро шурӯъ кардем, дар Федератсияи Россия давомнокии умри гирифторони гемофилия 30 солро ташкил медод. Феълан давомнокии умри онҳо мисли инсонҳои солим мебошад. Умедворам, ки конфронси имрӯза ҷиҳати табодули таҷриба бо ҳамтоёни худ дар самти усулҳои муосири ташхису табобатӣ ин беморӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт».

Мененҷери минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Карина Кочарян мегӯяд, «пас аз пандемияи COVID-19 имрӯз мо бори аввал бо мутахассисони таҷрибадори соҳаи тандурустии Тоҷикистон вохӯрдем, то роҳҳои муосири ташхису табобати бемории гемофилияро баррасӣ намоем. Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо бо мақсади беҳ шудани вазъи беморон зиёда аз 60 сол мешавад, ки дар ҷаҳон фаъолият дорад. Мо кӯшиш карда истодаем, ки барои ҳар гирифтори бемории гемофилия шароити созгор муҳайё намоем».

Карина Кочарян илова намуд, ки «вақте мо корро дар Тоҷикистон шурӯъ кардем, мутаассифона, ҷомеаи ҷаҳонро пандемияи COVID-19 фаро гирифт. Он дам мо каме таваққуф кардем, аммо робитаамон бо табибони тоҷик дар ин самт хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки пас аз конфронси имрӯза дар соҳа боз ҳам навгониҳои зиёде рӯи кор хоҳанд омад ва ин ба нафъи ҳамаи мо мебошад».

Ёдовар мешавем, ки конфрони сатҳи баланд оид ба мавзӯи «Ошкор намудани гемофилия, табобати он ва дигар ихтилоли хунравии нодир» пагоҳ низ идома меёбад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2022 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид