Дар Синтзян бар асари сармо 7 нафар ҳалок шудаанд

Ноябрь 30, 2022 13:29

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари сармозадагӣ дар Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури (ВМСУ) Ҷумҳурии Мардумии Чин 7 нафар ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

«Ҳукумати мардумии шаҳри Олтой (ҳавзаи Олтой, ВМСУ) 28 ноябр хабар дод, ки 7 коргар бар асари сардии шадид ба ҳалокат расидаанд», — гуфта мешавад дар изҳороти Синхуа.

Дар ҳавзаи Олтой, воқеъ дар шимоли Синтзян, дар охири ҳафта пасттарин ҳарорат дар даҳ соли охир, барфи шадид ва шамоли тӯфонӣ сабт шудааст.

Тибқи ин гузориш, шоми шанбе, 26 ноябр 8 коргари яке аз қитъаҳои шоҳроҳи маҳаллӣ бар асари тӯфони барфӣ бенишон шудаанд. Наҷотдиҳандагоне, ки ба ҷустуҷӯи одамон баромада буданд, субҳи якшанбе, 27 ноябр тавонистанд онҳоро пайдо кунанд.

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар шароити душвори обу ҳаво — шамоли сахт, тӯфони барфӣ ва сармо гузаронида шуданд.

8 нафар коргаронро зуд ба беморхона бурданд. Аммо дар натиҷаи сармозадагӣ ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд.

АКС: Getty Images / Costfoto / Barcroft Media

Ноябрь 30, 2022 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар штати Техаси Америка тӯфони зимистона бо борони сард ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар шарқи Ҳиндустон 14 нафар ҳалок шуданд
Иттиҳоди Аврупо аввалин бор аз Офтоб ва бод нисбат ба газ бештар неруи барқ гирифт
Дар Анталия жола ба андозаи тӯби голф борид
ХБА соли 2023 коҳиши нархи нафтро 16% пешбинӣ кардааст
ВАО: шумораи қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Пешовари Покистон ба 72 нафар расид
Петр Павел президенти нави Чехия интихоб гардид
Шумораи қурбониён бар асари садама дар ҷанубу ғарби Покистон ба 44 нафар расид
СММ барои аз байн бурдани маҳдудияти таҳсил ва кори занони Афғонистон берун аз хона талош хоҳад кард
БОРИШИ БАРФ ШИМОЛИ ҲИНДУСТОНРО ПӮШОНД. Аз сабаби бориши зиёд хатҳои интиқоли барқ хароб шудаанд
COVID-19. СУТ дар бораи 13% афзоиш ёфтани фавт бар асари коронавирус хабар дод
Коршиносони ИДМ масоили ҳамкориро дар соҳаи тандурустии аҳолӣ ва иттилоотонӣ оид ба ҳифзи саломатӣ баррасӣ карданд