Дар Тоҷикистон бори аввал Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соати 08:00-и имрӯз дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» оғоз гардид, ки дар он кишоварзони мамлакат навъҳои ин зироатро бо нархи 2 сомонӣ ба фурӯш бароварданд. Инчунин аз ҷониби масъулони Вазорати кишоварзӣ хони бо таомҳои картошка ороста пешниҳод шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар намоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода фестивали мазкурро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки «Тоҷикистон то соли 2020 1 млн тонна картошка истеҳсол мекард. Ин рақам соли 2021 ба 1 млн 20 ҳазор тонна расид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад».
Мавсуф зикр намуд, ки дар ҷамъбасти даҳмоҳаи соли 2022 саҳми кишоварзони мамлакат дар ММД зиёда аз 23 фоизро ташкил медиҳад.


Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода иброз дошт, ки соли равон аз хориҷи мамлакат ягон миқдор картошка ворид нашуда, тамоми маҳсулот истеҳсоли ватанӣ мебошад.
Сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода иттилоъ дод, ки соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 32158 гектар картошка кишт карда шуд. Тибқи маълумоти фаврӣ, то 25 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ 776 ҳазору 553 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 215 тонна зиёд мебошад.

Ба гуфти кишоварзон, он намудҳои картошкае, ки имрӯз истеҳсол мегарданд, қариб 65 фоизи бозори истеъмолии мамлакатро таъмин менамоянд.
Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кг аст.
Ба гуфти Сулаймон Зиëзода, барои пурра таъмин кардани аҳолии мамлакат бо картошка бояд на камтар аз 1 млн 350 ҳазор тонна (бо назардошти тухмӣ ва талафот дар давраи тирамоҳу зимистон) истеҳсол намуд.


Тавре доктори илмҳои кишоварзии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев иброз намуд, имрӯз дар дунё қариб 3 ҳазор намуд картошка парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон 15 намуди картошка маъмул аст.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (соли 2010), дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.
Ба гуфти олимони соҳаи кишовразӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мегарданд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Ба гуфтаи Қурбоналӣ Партоев, дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш карда мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.
Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат дар он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза мекунад. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуданд, ба нест кардани радикалҳои озод мусоидат менамоянд ва он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонад, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






