ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ТАҚРИБАН НИМ МИЛЛИОН ТОННА КАРТОШКА ҶАМЪОВАРӢ ГАРДИД. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки ҳосили ин сабзавот то 40 дарсад зиёд карда шавад

Ноябрь 15, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то октябр дар вилояти Суғд 496 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Соли 2022 дар вилоят дар майдони беш аз 13,3 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст. Ҳосили ҳар гектар қариб 27,5 сентнериро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишвари аз ҳама зиёд картошкапарвар аст. Соли гузашта ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, 1 миллиону 60 ҳазор тонна буд, имсол 1 миллиону 108 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ҳисобҳои мо, масалан агар ҳар як сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол кунад, пас дар як сол қариб 1,3 миллион тонна маҳсулот зарур аст. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кг аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст. Яъне худи ҷумҳурӣ аҳолиро бо картошка таъмин карда метавонад. Воқеан истеъмоли картошка барои як нафар дар як сол беш аз 130 килоро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, вобаста ба мавсим картошка аз дигар кишварҳо – Россия, Покистон ва Чин низ ворид мешавад.

Аз ин рӯ, кишоварзони тоҷик ният доранд, ки ҳосили картошкаро 40 дарсад афзоиш диҳанд, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

«Бо дарназардошти он ки имсол дар ҳаёти инсоният, аз ҷумла мардуми мо аз душвортарин солҳост, ман тамоми роҳбарону масъулонро вазифадор кардам, ки майдони кишти картошка, яъне нони дуюмро 40 фоиз, майдони кишти такрории ғалладона, аз ҷумла ҷуворимакка, ҷав, лубиёгӣ ва дигар зироатро то 60 фоиз зиёд кунанд. Дар шароити имрӯза мо бояд ба ҳар оила зарурати истифодаи ҳар як қитъа замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентиро барои истеҳсоли маводи ғизоӣ фаҳмонем»,- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат.

Сарвари давлат картошкаро беҳуда «нони дуюм» намегӯянд, зеро маҳз ин маҳсулоти серғизо ва қувватбахш буд, ки ба одамон ҳангоми коҳиши ҳосили зироат ва дар лаҳзаҳои душвор кумак мекард.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1 ноябр аз хоҷагиҳои ҷамъиятӣ зиёда аз 695 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Кишоварзони Тоҷикистон соли оянда, яъне соли 2023 ният доранд, ки 1 миллиону 170 ҳазор тонна картошка парвариш кунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар се соли охир 200 ширкати сайёҳӣ ба фаъолият оғоз намуд
ЯХОБМОНӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН. Кишоварзон тавассути ин тадбири агротехникӣ метавонанд ҳосили баланди зироат ба даст оранд
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир тавсеа меёбад
ИСТИФОДАИ ТАХОГРАФҲОИ РАҚАМӢ. Азим Иброҳим ва Умберто де Претто масъалаи гузаштан ба онро баррасӣ карданд
Ширкатҳои саноати нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи бузурги ҷаҳонии «Bharat Tex-2025»-и Ҳиндустон иштирок доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 4 корхонаи нав ба истифода дода шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Соли 2024 92,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 миллиард сомонӣ анҷом дода шуд»
Дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар самти нақлиёту логистика баррасӣ шуд
Дар Душанбе таҳияи «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030»-ро баррасӣ намуданд
Татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Тоҷикистон бо иштироки ташкилоти қарзии молиявӣ баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маконҳои сайёҳии Тоҷикистонро 1 миллиону 400 ҳазор ҷаҳонгардон тамошо намудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ соли 2024 дар сатҳи 109,6 фоиз таъмин шуд

Маводҳои таҳлилӣ