Дар Женева Анҷумани иҷтимоии Шӯрои ҳуқуқи инсон баргузор шуд

Ноябрь 4, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 ноябр дар шаҳри Женева Анҷумани иҷтимоии Шӯрои ҳуқуқи инсон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи  Швейтсария.  

Тибқи қатъномаи 47/20-и Шӯрои мазкур, аҳаммияти махсуси Анҷуман ба масъалаи об дар партави ҳуқуқи инсон ва рушди устувор, аз ҷумла таҷрибаи пешқадам, дарсҳои андӯхта ва мушкилиҳои ҷойдошта дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дода шуда, ҳадафи асосии чорабинӣ саҳм гузоштани Шӯрои ҳуқуқи инсон ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) мебошад.

Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода зимни ифтитоҳи Анчумани иҷтимоӣ суханронӣ намуда, дар маърӯзаи худ масоили ҳуқуқи инсон ба об ва беҳдошт, баргузории ҷаласаи омодагии Конфронси оби СММ «Об барои саломатӣ», татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Барномаи амали онро таъкид кардааст.

Ҳамоиши мазкур барои муколамаи интерактивӣ миёни сохтори ҳифзи ҳуқуқи СММ ва ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади дастгирии амалҳо ва ташаббусҳои минбаъда ҷиҳати такон бахшидан ба дастовардҳо ва татбиқи ҳадафҳои Даҳсола заминаи беҳамто фароҳам овард.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи  Швейтсария.

Ноябрь 4, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид