ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон 70 фоизро ташкил дод

Ноябрь 1, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз 1 октябр дар қаламрави кишвар ҷараён дорад, комиссияҳои вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат давоми як моҳи сипаригашта иҷрои нақшаро дар ҷумҳурӣ ба 70 фоиз баробар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Шурӯъ аз якуми октябри соли равон бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд. Тайи чанд соли охир ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.

Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе низ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дошта, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар самти гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҳоло пешсаф мебошанд. Аз байни чаҳор навоҳии пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонид.   Иҷрои нақша дар шаҳри Душанбе давоми як моҳ қариб 80 фоизро ташкил медиҳад.

Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бисёр фаъол буда, аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияҳои он қисми зиёдашон иҷрои нақшаро аллакай дар даҳрӯзаи аввали  ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба итмом расониданд. Давоми як моҳи охир иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 77 фоизро дар бар мегирад.

Дар вилояти Хатлон низ чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле хуб ҷараён доранд. Масъулини комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ давоми як моҳ ба 70 фоиз баробар намудаанд.

Дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гусели муҳофизони ояндаи Ватан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ муташаккилона ҷараён дошта, иҷрои нақша дар ин гарнизони ҳарбӣ қариб 60 фоизро ташкил медиҳад.

Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ натиҷаи иҷрои маъракаи даъватро давоми як моҳи ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсӣ хубу назаррас арзёбӣ менамояд.

Зеро, тибқи иттилои масъулин, барои ташкилу роҳандозӣ намудани даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ агарчӣ ду моҳ пешбинӣ гардидааст, вале натиҷаи фаъолияти назарраси бисёр комиссияҳои давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон дод, ки иҷрои нақша давоми як моҳ пеш аз муҳлат ва дар сатҳи баланд ба 70 фоиз баробар карда шавад.

Воқеан, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар доираи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамкориро бо мардум зич ба роҳ мондаанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилӣ кам ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, маҳз фаъолияти хубу назарраси бисёр комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ зиёд гардида, иҷрои нақша сари вақт ва дар сатҳи баланд иҷро гардад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«ДӮСТӢ-2025». Машқҳои зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардиданд
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид