Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ғолиби Олимпиадаи байналмилалӣ гардиданд

Ноябрь 5, 2022 10:29

ДУШАНБЕ, 05.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Олимпиадаи дуюми байналмилалии «Мастер педиатрии», ки дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия баргузор гардид, ғолиб омада, соҳиби Ҷоми олимпиада ва диплом гардиданд.

Тавре ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Фаррух Бақоев ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, олимпиадаи мазкур 28 октябр дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия баргузор гардид.

Тафре Фаррух Бақоев зикр кард, «аз донишгоҳи мо дастаи «Авитсенна» бо шумули 5 нафар донишҷў дар олимпиадаи мазкур ширкат варзиданд. Дар даври финалии олимпиада 22 даста иштирок намуд. 21 даста аз донишгоҳҳои тиббии шаҳри Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск, Краснодар, Владивосток, Саратов ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия буданд».

Дар олимпида иштирокчиён аз рӯи чунин шартҳо: расонидани ёрии аввалин дар ҳолатҳои терминалӣ, кор бо бемори виртуалӣ, ҷамъоварии анамнез ва гузоштани ташхиси бемор, иҷро намудани масъалаҳои тахассусӣ, суолу ҷавоби зеҳнӣ ва ёфтани мушкилтарин муаммоҳо миёни ҳам сабқат намуданд.

Ғолибони олимпиада бо ҷому диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Акс: ДДТТ

Ноябрь 5, 2022 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд