Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид

Ноябрь 12, 2022 14:46

ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон бо Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи А.И. Гертсен ва Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ДДК ба номи Рӯдакӣ хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмон ва Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитский зимни имзои Созишнома таъкид намуданд, ки санади мазкур шаклҳои гуногуни ҳамкориҳои байни муассисаҳо, аз ҷумла иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баҳодиҳии экспертии онҳо, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмӣ-амалӣ, симпозиуму семинарҳо, татбиқи лоиҳаҳои илмии муштаракро пешбинӣ мекунад.

Дмитрий Кобитский оид ба аҳамияти рушди ҳамкориҳо бо иттиҳодияҳои илмӣ ибрози андеша карда, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сеюмин муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон аст, ки бо Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ созишнома ба имзо мерасонад: «Фаъолияти мо ба тавсеаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи коршиносон дар фазои ИДМ роҳандозӣ мешавад. Аз ин рӯ, ба имзо расидани Созишномаи имрӯза барои ҳар ду ҷониб ҷолиб ва муфид хоҳад буд», — гуфт ӯ.

Зимни суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмон тазаккур дод, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, шарқшиносӣ дорои иқтидори вижаи илмӣ буда, олимони донишгоҳ метавонанд дар самти таҳияи қонунҳо, ки аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ амалӣ мегардад, мусоидати созгор намояд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Дилшод Раҳмон намунаи гулдӯзии суннатии тоҷик – чакан, ки маҳсули парки технологии Донишгоҳ мебошад, муаррифӣ ва ба Котиби генералии Шурои мазкур Дмитрий Кобитский тақдим карда шуд.

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи А.И. Гертсени Федератсия Россия дар толори Мариини бинои асосии ДДПР аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб профессор Дилшод Раҳмон ва ректори ДДПР ба номи А.И. Гертсен Сергей Тарасов ба имзо расонида шуд.

Сергей Тарасов оид ба ҳадафҳои ҳамкорӣ равшанӣ андохта, аз ҷумла зикр намуд: «Имрӯз мо бо ҳамкасбонам дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, бисёр мавзуъҳои ҷолиби ҳамкориро муайян кардем – пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, омӯзгорони забони русӣ барои низоми маорифи Тоҷикистон. Мо аз ташаббуси шариконамон барои омода будан ба ҳамкориҳои доманадору судманд сипосгузорем».

Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия низ барои дурнамои рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, махсусан бо назардошти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040, саривақтиву судманд арзёбӣ шуда, бо иштироки ректорони муассисаҳо Дилшод Раҳмон ва Валерий Михеев ба имзо расонида шуд.

Дар маросими ба расмият даровардани Созишномаи ҳамкорӣ таъкид шуд, ки он ба ҳамкории мутақобила дар роҳандозӣ ва нигоҳдории равобити дуҷониба миёни донишгоҳҳо тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули мутахассисон, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, гузаронидани конфронсҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва Созишномаҳои тарафайн ҳамкории густурдаро бо беш аз 85 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёна хориҷи кишвар роҳандозӣ намуда, баргузории ҳамоишҳои муштараки илмӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён дар самти воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва техникиии донишгоҳ муҳтавои асосии ин ҳамкориҳоро ташкил медиҳад.

АКС: ДДК ба номи Рӯдакӣ

Ноябрь 12, 2022 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад