Хадамоти изтирории Арабистони Саудӣ пайомадҳои обхезии шадидро бартараф мекунад

Ноябрь 26, 2022 12:33

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Хадамоти изтирории Арабистони Саудӣ пайомадҳои обхезии шадидро, ки чанде пеш дар Ҷидда — дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар ба амал омада буд, бартараф мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора «Middle East Eye» хабар додааст.

Ба маълумоти Хадамоти обуҳавошиносии ин кишвар, борише, ки боиси обхезӣ гардид, дар таърихи шаҳр ҳамчун шадидтарин сабт шудааст. Давоми ҳашт соати борони пай дар пай 179,7 мм бориш ба қайд гирифта шуд. Қабл аз ин, бориши соли 2009 рекордӣ ҳисобида мешуд, ки он вақт 111 мм борида буд.

Тибқи иттилои нав, бар асари обхезӣ на кам аз ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Даҳҳо парвозҳо ба таъхир афтода, мактабҳо баста шудаанд. Ба сокинон тавсия дода шудааст, ки бе зарурат аз хона набароянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷидда тақрибан 4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Бар асари обхезии соли 2009 123 нафар ба ҳалокат расида буданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 26, 2022 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид