ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ БА ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА РОҲ КУШОД. Эҳдо ба ин рӯйдоди тақдирсоз

Ноябрь 15, 2022 12:02

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Тоҷикистон 30- солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана мақолаи Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур ҚУРБОНИЁН (ҶҲАТ) ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид, ки пешкаши хонандагон карда мешавад.

Соли 1992 пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ташкилоту ҷамъиятҳои башардӯст имкон пайдо намуданд, ки амалҳои хайрхоҳонаю инсондӯстонаро дар Тоҷикистон амалӣ намоянд. Махсусан бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дастгирии аҳолии аз низоъҳои дохилии мусаллаҳона зарардида ба роҳ монда шуд, ки аҳамияти ин санаи тақдирсозро равшантар месозад. Ҳарчанд бар асари падид омадани даргириҳо ва вазъияти муташанниҷ дар қатори корхонаю ташкилоти дигар кори ҶҲАТ низ камранг шуд. Баъди барпо гаштани иҷлосия бо ташаббуси Ҳукумати кишвар фаъолияти он барқарор гардид. Аз ин бармеояд, ки маҳз иҷлосияи тақдирсоз ба ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ роҳ кушод, ки кори ҶҲАТ аз он қисса мекунад.

Дубора фаъол гардидани ҶҲАТ ва вусъат гирифтани ёрии башардӯстона дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Раиси навтаъйини Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти дар кишвар ба вуҷуд омадаро ҳаматарафа дарк намуда, барои бо ҳар роҳу восита ба мардуми азиятдида кумак расондан иқдом намудааст.

Бояд зикр намуд, ки ҶҲАТ ҳамчун иқдому ташаббуси мардуми хайрхоҳ барои равнақ додани ғояҳои инсондӯстӣ ва раҳму шафқат бештар аз 90 сол боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад. Дар давраи пурдаҳшати низоъҳои дохилӣ ва замони нави тараққиёти кишвар фаъолияти ин ҷамъият аҳамияти бузург касб намудааст. Дар он рӯзҳои мудҳиш бисёри гӯшаю канори кишварро қаҳтию гуруснагӣ фаро гирифт, ки баробари маҳсулоти ғизоӣ сару либос ва доруворӣ низ дар шаҳру навоҳӣ хеле камчин гардида, қисми зиёди аҳолӣ ба кумаку дастгирии башардӯстона муҳтоҷ буданд.

Ҳамагӣ баъди як моҳи баргузории иҷлосия 30 декабри соли 1992 Сарвари давлат бо дарназардошти эҳтиёҷи калон ба кумаки байналмилалӣ ба Президенти онвақтаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҷаноби Сомаруго ба аҳолии мамлакат, алалхусус ба ҶҲАТ дархости кумак намуда, чунин изҳор доштанд: «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳнкунии идеалҳои ҷаҳонии башардӯстона ва хайриявӣ фаъолияти худро мувофиқи принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бурда истодааст».

Дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати кишвар бо ҷамъияти мазкур домани фаъолияти башардӯстонаю хайрхоҳонаи он васеъ гашта, аз ҷониби ташкилоту созмонҳо ва давлатҳои дигар ташаббусҳои дар ин самт роҳандозишуда дастгирӣ ёфтанд.

Соли 1992 низоъҳои дохилии мусаллаҳона дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз ёфтанд, ки боиси аз байн рафтани ҷони даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон гардиданд. Аллакай дар моҳҳои аввали давраи низоъ тақрибан 600 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ маҷбур шуданд, ки хонаву ҷой, молу мулки худро партофта, озими мамолики дигар гарданд. Аҳолии минтакаҳои наздисарҳадии кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ва пиронсолон бо машаққати зиёд ба тариқи оммавӣ ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон фирор карданд. Дар ин маврид бе кумаку дастгирии башардӯстона зиндагии гурезагону дармондагон имконнопазир буд. Бо шарофати талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла аъзои Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС ва ҲА) ба онҳо ёрӣ расонданд.

Низоъҳои дохилӣ боиси буҳрони амиқи башарӣ ва иқтисодӣ гардиданд. Дар чунин давра расондани кумаки моддӣ ва тиббӣ ба гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ яке аз вазифаҳои асосии ҶҲАТ ба ҳисоб мерафт. Бо ташаббусҳои инсондӯстонаю ватанпарваронаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 аз ҷониби ҷамъияти мазкур нуқтаҳо ва дружинаҳои санитарӣ (дастаҳои беҳдоштӣ) ташкил ёфта, фаъолияти хуб нишон доданд ва ба аҳолии ниёзманд кумаки ҳаматарафаи башарӣ расонданд.

Ба ҳамин минвол ҷамъият бо дастгирии Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила домони фаъолияташро васеъ намуд, ки аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Солҳои минбаъда низ дар асоси ҳамкории судманди Ҳукумати кишвар бо ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ корҳои башардӯстонаю хайрхоҳона густурда гардиданд.

Ҳамчунин дар ибтидои соли 1993 вобаста ба васеъ гардидани низоъ дар ҷумҳурӣ Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Тӯли чор соли аввали фаъолияти хеш дар кишвар кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо ҶҲАТ дар самти расондани кумаки башарӣ ва тиббӣ барои фирориён ва бозгашти онҳо ба Ватан фаъолияти хешро пурзӯр намуд.

Ҳамин тариқ, соли 1994 Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барномаҳои васеи башардӯстиро барои аҳолии Тоҷикистон, ки аз буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарари ҷиддӣ дида буданд, роҳандозӣ намудааст. ҶБСС ва ҲА дар ҳамкории зич бо ҶҲАТ худи ҳамон сол дар доираи барномаҳои мазкур дар самти расондани кумак барои гурӯҳҳои ниёзманди аҳолии мамлакат кумакҳои зиёди молиявӣ намуданд.

6 ноябри соли 1997 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф гардид.

Дар асоси ҳамкории гуногунсамт ва башардӯстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Маҷлиси Олии кишвар соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул намуд, ки ин қонун тартиби истифода ва ҳимояи аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳамчунин аломатҳои махсусро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ муқаррар намудааст.

Қонуни навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» низ аз тарафи Парлумони мамлакат қабул карда шуд. Он асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти ҷамъият ва шаклҳои дастгирии ҷамъиятро аз тарафи мақомоти давлатӣ муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро дар доираи принсипҳои инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва беғаразӣ ба танзим даровардааст.

Қариб тамоми низоми фаъолияти ин ташкилоти башардӯст ба амалҳои дасти кумак дароз намудан ба табақаи ниёзмандон равона гардидааст.

Фаъолияти башардӯстонаи ҶҲАТ ҳамеша бо таърихи рушди давлат алоқаманд буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан баъди барпо гаштани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶҲАТ бо ҳисси баланди башардӯстӣ ва ҳувияти миллии худ тавонистанд ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кумаки зарурӣ расонанд. Имрӯзҳо баробари пурқувват гардидани давлату Ҳукумати кишвар ҶҲАТ ба сокинони дурдасти кишвар ва баъзе оилаҳои эҳтиёҷманд кумаки ҳамаҷониба мерасонад.

То имрӯз ҶҲАТ дар ҳалли вазифаҳои башардӯстона давлатро дастгирӣ намуда, тавассути татбиқ намудани барномаҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии иҷтимоии сокинон бо мардум ҳамкорӣ менамояд. Дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷамъияти мазкур ба зарардидагони офатҳои табиӣ ва табақаҳои эҳтиёҷманди мамлакат, тавре дар муоҳидаҳои Женева пешбинӣ шудааст, кумаки саривақтӣ мерасонад ва дар ин ҷода ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Мардуми кишвар низ кумакҳои Ҳилоли Аҳмарро дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ фаромӯш насохта, аз ғояҳои инсондӯстонаю хайрхоҳонаи он ҳамеша дастгирӣ менамоянд ва дар ҷодаи амалҳои нек бо он дар як саф қарор доранд.

Ҳамасола мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 дар моҳи май моҳвораи Ҳилоли Аҳмар дар саросари Тоҷикистон гузаронда мешавад, ки дар он чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маъракаҳои хайриявӣ дар фазои тантанавӣ доир мегарданд. Дар ин рӯзҳои нек хурду бузурги мардуми тоҷик моро ҳамроҳӣ менамоянд, ки аз баракати сулҳу оромии ватани азизамон – Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Самтҳои кунунии фаъолияти ҷамъият- ин омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода, омӯзиши аҳолӣ оид ба расонидани ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа, огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо, гузаронидани оби тоза барои минтақаҳое, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ доранд, баланд бардоштани маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои бемориҳои сироятӣ тавассути баргузории курсҳои омӯзишии ройгони забони русӣ, компютер ва додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, ҷустуҷӯи афроди бедарак ва дар ин замина барқарорсозии робитаҳои оилавӣ тавассути шабакаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари 190 кишвари ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҳукуматии ин кишварҳо ва дар дигар самтҳо вобаста ба ниёзмандии аҳолӣ равона гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар 69 филиал, зиёда аз 10 000 ихтиёрӣ, 9 274 аъзо ва беш аз 748 ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо метавонад фаъолияти башардӯстонаи худро дар тамоми ҳудуди кишвар амалӣ намояд.

Баҳодур ҚУРБОНИЁН,
Котиби генералии ҶҲАТ

Акс: ҶҲАТ

Ноябрь 15, 2022 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад