ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил доранд

Ноябрь 17, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 17.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёт зарурӣ дар 38 кишвари ҷаҳон  таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни тоҷик аз ҳама бештар дар Россия, Чин, Беларус, Қазоқистон ва ИМА таҳсил доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр ҳамасола дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донишҷӯён (International Students’ Day) таҷлил мегардад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳо ин санаро бо баргузории ҳамоишу конференсияҳо ҷашн мегирад. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ин сана ҳамасола  «Ҳафтаи  таҳсили байналмилалӣ» доир мегардад.

Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст. Ҳамин аст, ки ҷавонони мамлакат на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.

Ба иттилои Раёсати байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳавасмандии ҷавонони тоҷик Барномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст, ки аз ғамхории Сарвари давлат барои насли ояндасози миллат шаҳодат медиҳад. Ба иттилои расмӣ, танҳо соли ҷорӣ қариб 100 нафар ҷавонон сазовори стипендияи мазкур гардида, барои забономӯзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намуд.

Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шурӯъ гардидааст, идома дорад.

Пешвои миллат зимни ҳар вохӯрию суҳбатҳояшон аз донишҷӯён даъват ба амал меоваранд, ки барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ талош намоянд, зеро рушди давлат аз кадрҳои босаводу забондон сарчашма мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баён доштанд, ки «ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад».

Ба иттилои расмӣ, имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар 22 439 нафар омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла 21 130 нафар дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 506 нафар дар зинаи миёнаи касбӣ ва 803 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд.

Рушди таҳсилоти босифат ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳоло дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари хориҷӣ 16 500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки ба онҳо  4363 устодону омӯзгорони соҳиби унвони илмӣ таълим медиҳанд. Аз онҳо 824 нафар докторҳо ва 3539 нафар номзадҳои илм аз рӯйи 533 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/

Ноябрь 17, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд