Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО масъалаҳои муҳими марбут ба таҳдидҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё /ГАО/ оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода сухан гуфта, доир ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ибрози назар намуд.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун узви ГАО бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир тадбирҳои саривақтӣ ва муассир меандешад.
Мавриди ёдоварист, ки дар ҷумҳурӣ Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 таъсис дода шудааст.
Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, вазъи кунунии ҷаҳон, афзоиши дигар шаклҳои ҷинояткорӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудаву ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон халал эҷод менамоянд, баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Инчунин дар ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО ҳисоботи кишвархои аъзои гурӯҳи мазкур шунида шуд.
Мавриди зикр аст, ки вазъи мураккаби сиёсию иқтисодӣ ва таҳдидҳои низомӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфта, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни кишварҳои абарқудрат ба авҷ гирифтани таҳаввулоти вақтҳои охир ва дар ин асно ҷорӣ намудани таҳримҳои пайдарпаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ миёни якдигар ҷомеаи ҷаҳонро ба таври ҷидӣ нигарон намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ҷаласаи 37 пленарии ГАО дирӯз дар Душанбе аввалин форуми намояндагони парлумони кишварҳои ГАО баргузор гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони кумитаҳои марбутаи парлумон, кумитаҳо ва комиссияҳои байниидоравӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воҳидҳои кашшофии молиявии давлатҳои узви ГАО ширкат намуда, масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузории миллии кишварҳояшон бо мақсади татбиқи самараноки талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро баррасӣ намуданд.
ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавӣ ба монанди Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшӯӣ, яъне ФАТФ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа мебошад. Алҳол Россия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин ва Ҳиндустон аъзои ГАО шомил мебошанд. Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб узви ГАО буда, соли 2014 ҷаласаи нахустини ГАО дар Душанбе баргузор гардида буд.
Пагоҳ ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО дар Душанбе корашро идома медиҳад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






