ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои асосие, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни суханронӣ дар Конфронси 27-уми Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ба он таваҷҷуҳ намуд, ин тасдиқ кардани тасмими нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ дар ҳудуди 1,5 дараҷа гармӣ мебошад. “Гап на танҳо дар бораи нигоҳ доштани ҳадафи 1,5 дараҷа меравад, балки ин ҷо сухан дар бораи наҷот додани ҳаёти одамон аст”, — гуфт Антониу Гутерриш.
Масъалаи болозикр ва дигар масъалаҳои муҳими экологӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳое мебошанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар арафаи Конфронси оби СММ-2023 барои муҳокимаи сатҳи олӣ ироа мегарданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш аз ҷомеаи ҷаҳон даъват кард, ки ҳамасола барои маблағгузории иқлим дар ҳаҷми 100 миллиард доллар, ки дар Конфронси 15-уми Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ваъда дода шуда буд, мусоидат намояд.
Ин дар ҳоле мебошад, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии СММ қатъномаи “Баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”-ро қабул намуд, ки он даъват мекунад, ки Конфронс оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат оид ба татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал аз 22 то 24 марти соли 2023 дар Ню Йорк даъват карда шавад.
Конфронси оби СММ-2023 аз 6 ҷаласаи пленарӣ иборат хоҳад буд, ки дар он кишварҳои узви СММ метавонанд сухан гуфта, уҳдадориву нақша ва таҷрибаҳои беҳтарини худро эълон намоянд. Дар раванди ҷаласаҳои пленарӣ тарафҳои ҳавасманд метавонанд ҳамчун нозир таклиф шаванд ва ба теъдоди муайяни онҳо имконияти сухан гуфтан низ дода мешавад. Дар ин замина, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон низ барои расидан ба ҳадафҳои Конфронси оби СММ-2023 нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба конфронси мазкур аз ҷониби Кумитаи тадорукот тасдиқ гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани он тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши Конфронси оби СММ-2023 дар ҳалли муаммоҳои экологии ҷаҳон имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и Радиои “Ховар” бо иштироки муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шарифов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода ва коргардон Абдураҳмони Рустам пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»