Мақомоти Ҷопон вазъи буҳронии сатҳи таваллуд дар кишварро дар соли 2022 эълон доштанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи таваллуд дар Ҷопон дар соли 2022 барои расидан ба нишондиҳандаҳои пасттарин таҳдид мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА Новости хабар медиҳад, дар ин бора дабири кулли девони вазирони Ҷопон Хироказу Матсуно изҳор доштааст. «Афзоиши аҳолӣ ҳатто нисбат ба соли гузашта сусттар аст (…), чунонки ман мефаҳмам, ин вазъияти вазнин аст», — иқтибос овардааст суханони ӯро Associated Press (AP).
Вай шарҳ дод, шумораи кӯдаконе, ки дар Ҷопон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 таваллуд шудаанд, 599 636 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 4,9% камтар аст. Дар натиҷа, сатҳи умумии таваллуд соли 2022 метавонад нисбат ба соли 2021 бо 811 000 кӯдаки таваллудшуда камтар бошад.
Ҳамзамон Матсуно ваъда дод, ки мақомот барои мусоидат ба афзоиши шумораи издивоҷҳо ва афзоиши аҳолӣ тадбирҳои ҳамаҷониба меандешанд.
AP тавзеҳ медиҳад, дар ҳоле ки Ҷопон сеюмин иқтисоди калонтарин дар ҷаҳонро соҳиб аст, вале арзиши зиндагӣ баланд аст ва маош оҳиста баланд мешавад. Пеш тадбирҳои давлат, сарфи назар аз додани кумакпулӣ, ба беҳтар шудани вазъияти демографӣ таъсири кам мерасониданд.
Сатҳи таваллуд дар Ҷопон, ки ҳоло тақрибан 124,2 миллион нафар аҳолӣ дорад, пас аз соли 1973, вақте ки дар як сол таваллуди 2,1 миллион кӯдакро ташкил медод, коҳиш ёфт. Аҳолии кишвар 14 сол боз коҳиш меёбад ва тибқи пешгӯиҳо, соли 2040 мизони таваллуд 740 ҳазор кӯдак ва то соли 2060 метавонад ба 86,7 миллион нафар коҳиш ёбад.
Ҳафтаи гузашта комиссияи ҳукуматӣ ба сарвазири Ҷопон Фумио Кишида гузоришеро ироа кард, ки тибқи он афзоиши табиии аҳолӣ ва коҳиши шумораи шаҳрвандон метавонанд иқтидори миллии кишварро коҳиш диҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз