Маркази зиддитеррористии ИДМ: Ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ба минтақа таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон хатари ноором шудани вазъият дар Осиёи Марказиро зиёд мекунад ва эҳтимоли интиқол ёфтани бесуботӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) вуҷуд дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА Новости хабар медиҳад, дар ин бора 8 ноябр роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ Евгений Сисоев иттилоъ дод.
Дирӯз дар Тошканд конфронси 8-уми байналмилалии илмӣ-амалии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ таҳти унвони «Амнияти муосир: чолишҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» ифтитоҳ ёфт.
«Ташаннуҷи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, хуруҷи оммавии афғонҳо ба хориҷа, афзудани зиддияти этникӣ ва конфессионӣ, вусъати ҷинояткории фаромарзӣ ва қочоқи маводи мухаддир <…> хатари ноором кардани вазъ дар минтақаи Осиёи Марказиро зиёд мекунанд», — гуфт Сисоев зимни суханронӣ дар конфронс.
Роҳбари Марказ бо истинод ба арзёбиҳои коршиносон тазаккур дод, ки агар ҳукумати толибон (ҳаракати «Толибон»*) кишварро самаранок идора карда натавонад, он гоҳ қисми назарраси Афғонистонро амалиёти ҷангӣ фаро гирифта, зери назорати ҷиҳодиёни маҳаллӣ ва созмонҳои террористии байналмилалӣ қарор мегирад. «Дар робита ба ин эҳтимоли интиқол ёфтани бесуботӣ ба фазои ИДМ ва СҲШ низ зиёд мебошад», — афзуд Сисоев.
_________________
* Ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон
АКС: anna-news.info








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






