МУЛОҚОТИ СЕ НАСЛ. Дар Маҷлиси намояндагон бо иштирокчиёни иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент таҳти унвони «Мулоқоти се насл» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ҳизби ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ «Қонунгузор» ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Ҳамзамон муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Азиза Анварова, Худойқул Ҳамроқулов, Абдуваҳҳоб Саидмуродов ва роҳбарияти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар пойтахти кишварро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаввулоти амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ба вуҷуд овард. Дар ин иҷлосия Давлату Ҳукумате арзи вуҷуд намуд, ки дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳад таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд.
Фазои орому осоишта ва осудаҳолонаи кишвари азизамон шароит фароҳам овард, ки дар зарфи сӣ сол мо бо шарофати ҳидоят ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Ин имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ дар ватани азизамон садҳо корхонаҳои хурду миёна, бузургу азим ба вуҷуд оянд ва садҳо ҳазор одамон соҳиби ҷойи кор гардида, барои беҳдошти зиндагиашон имконияти муфид ба даст оваранд.
Вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар толори таърихии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, роҷеъ ба нақш ва моҳияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Сипас иштирокчиёни ҳамоиш ба чор гурӯҳ тақсим шуда, бо роҳбарияти кумита оид ба тартиботӣ ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор мулоқот намуда, аз осорхона ва китобхонаи Маҷлиси намояндагон дидан намуданд.
АКС: МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон










Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






