«НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ». Дар Душанбе дар ин мавзӯъ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 14, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 14.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти миллӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Ин матлабро муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Зиёдулло Абдулзода зимни баргузории конференсияи илмӣ-назариявии «Нақши Иҷлосияи сарнавиштсоз дар рушди илму маорифи кишвар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маоиф ва илм хабар доданд.

Дар конференсияи мазкур сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин омӯзгорони якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.

Дар зарфи 30 соле, ки миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, соҳаи маориф низ ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Хусусан дар тӯли 30 сол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 ба соҳаи маориф 37 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2022 ба 6 миллиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ расид. Яъне, маблағузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим имсол нисбат ба ММД 6 фоиз ва нисбат ба хароҷоти буҷет 18,6 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамзамон дар ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳо ва ташкилоти хориҷӣ 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ба имзо расонид. Дар асоси санадҳои мазкур зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии кишвар зарурӣ дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 14, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид