Наташа Пиртс-Мусар дар интихоботи президентии Словения пас аз шумориши садфоизаи овозҳо пирӯз гардид

Ноябрь 23, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳуқуқшинос Наташа Пиртс-Мусар, ки номзади ғайриҳизбӣ буд, дар даври дуюми интихоботи президентии Словения пас аз коркарди садфоизаи баргаҳои раъй пирӯз гардид,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Бино ба маълумоти Комиссияи давлатии интихоботии Словения, Пиртс-Мусар 53,89 фоизи овозҳоро гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ба рақиби ӯ- собиқ роҳбари департаменти корҳои хориҷии Словения Анже Логар 46,11 фоизи интихобкунандагон овоз додаанд.

Наташа Пиртс -Мусар 23 декабри соли 2022 ба иҷрои вазифаи президенти Словения шурӯъ мекунад.

АКС: predsednica.bo

Ноябрь 23, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш