ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона 15 дараҷа гарм мешавад

Ноябрь 18, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  рӯзона 15 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо бориши  борон ва  барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 2+7 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17, дар баъзе минтақаҳо то 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  қисман абрнок дар назар буда, дар водиҳо баъзан  борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст.  Дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришти борон ва шабона барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм,  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

 

Ноябрь 18, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд