Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар Бухоро таъмир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли оянда бо ташаббуси ҳокими вилояти Бухоро Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар зодгоҳаш –деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро таъмиру таҷдид гардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Директори минтақавии Департаменти сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилояти Бухоро Суҳроб Бобокалонов баррасӣ шуданд,
Сафир оид ба имконоти сайёҳӣ, бахусус сайёҳии табобатӣ, зиёратӣ, кӯҳнавардӣ, экотуризм, фарҳангӣ ва варзишӣ дар минтақаҳои гуногуни
Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Мусоҳибон ҷиҳати ташкили форумҳои муштараки сайёҳӣ, инфотурҳо, хатсайрҳои заминиву ҳавоӣ бо мақсади интиқоли сайёҳон, инчунин дигар масъалаҳои мубрам барои рушди туризм сухан гуфтанд.
Зимни сафари корӣ Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва оромгоҳҳои бузургону орифон, аз ҷумла «Ҳафт пир»-и тариқат, мақбараи нахустин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ, инчунин зодгоҳи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро боздид намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон










Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд






