Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои 5-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Ноябрь 1, 2022 15:09

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Панҷ бинои 5-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайдаҳмад Мараҷабов дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

Иншооти баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 2 бино иборат аст, дорои 51 хона, аз ҷумла 23 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 10 хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад.

Дар ошёнаи 1-ум марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир аст, ки барои нуқтаҳои фуруши шириниҳо ва дигар молҳои ниёзи мардум пешбинӣ гардидааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ шоиста арзёбӣ намуданд.

Оилаҳои ҷавоне, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ бо 122 нафар ятимону бепарасторон, ки аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омадаанд, суҳбати самимона анҷом дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои арзанда, ки аз китоб, сару либоси зимистона ва кумакҳои молиявӣ иборат буд, қадрдонӣ намуданд.

Ба истифода додани бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд