«ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН- ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ҚОНУНҲОИ МАМЛАКАТ». Дар Душанбе дар ин мавзӯъ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 11 ноябр дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳомии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он судҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигарон иштирок доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Суди конститутсионӣ хабар доданд.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода гуфт, ки таъсиси мансаби Президент ва таҷлили он заминаи таърихӣ дорад. «Дар таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон шахсиятҳои таърихии барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки дар марҳилаву вазъияти барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян менамоянд. Ин нафарон дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд»,-иброз намуд Раиси Суди конститутсионӣ.
Абдулҳафиз Ашурзода баён дошт, ки ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик ба он мушарраф гардидаанд, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидаанд.
Таъсиси мансаби Президент марҳилаи нави рушди давлатдории кишвари мо ба шумор меравад. Дар робита ба ин зикр кардан ба маврид аст, ки аз 193 давлати аъзои СММ зиёда аз 143-тои онҳо дар сохтори давлатдории худ мансаби Президент доранд.
Сипас академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода, муовини Раиси Суди конститутсионӣ К.Каримзода, судяи Суди Олӣ Р. Қамарзода ва дигарон вобаста ба мавзӯи ҳамоиш маъруза намуданд.
АКС: Суди конститутсионии ҶТ








Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад






