Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 26 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов.
Ҳайати рӯзҳо, иборат аз 80 нафар ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба Туркманистон сафар намуд.
Дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.
Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Туркманистон доир гардида, ансамблҳои «Лола», «Парасту», ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маъруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ-Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо ҳунарнамоӣ менамоянд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 8 октябри соли равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот намуд, ки дар доираи он роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар карда шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар густариши муносибатҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






