РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ САДОҚАТ БА ВАТАН ВА МИЛЛАТ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи бошукӯҳ доир шуд

Ноябрь 15, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 15.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. Ин матлабро Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зимни конференсияи илмӣ — назариявии «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги миллӣ» баён дошт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ҳайати профессорону устодони донишкада баргузор гардид.

Ректори донишкада иброз дошт, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд».

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода  изҳор дошт, ки “иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд».

Дар бахши фарҳангии ҷамъомад шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои ҷолиб, аз ҷумла «Сулҳи мо ливо дорад», «Ватан», «Душанбеи ман», «Бӯйи баҳор», «Рақси кӯҳистон» ва «Сарвари оқил» буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

Дар қисми илмии ҳамоиш 27 мақолаи илмию оммавӣ ва манзумаи ба Пешвои миллат бахшидаи устодони донишкада ироа гардид.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Ноябрь 15, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд