Рӯзноманигорони тоҷик аз шабакаҳои телевизиони «Узбекистон», «ЗӮР ТВ» ва «Севимли» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни сафар ба Узбекистон аз сенати Маҷлиси Олийи Узбекистон боздид намуда, ҳангоми мулоқот бо сенаторҳо доир ба ҳамкории ду кишвар дар бахши илму фарҳанг, иттилооту коммуникатсия табодули назар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода аз шаҳри Тошканд иттилоъ дод.
Ҳайати рӯзноманигорони тоҷик аз шабакаҳои телевизионии «Узбекистон», «ЗӮР ТВ», «Севимли», идораи нашрияҳои «Даракчӣ», «Суғдиёна», матбааи «КолорПак», маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии «IT-Park», Донишгоҳи давлатии журналистика ва иртибототи оммавии Узбекистон ва мавзеъҳои таърихию осорхонаҳои Тошканд боздид намуда, бо фаъолияти ҳамкасбони узбеки худ аз наздик шинос шуд.
Ҳамзамон дар Маркази миллии матбуоти Тошканд мулоқоти ҳайати журналистони Тоҷикистон бо ҷомеаи журналистии Узбекистон сурат гирифта, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардиданд.
Сафари ҳайати журналистони тоҷик ба кишвари ҳамсоя дар доираи таҳкими ҳамкории ду кишвар тибқи Созишнома миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Узбекистон, ки соли равон дар Тошканд ба тасвиб расида буд, сурат гирифтааст.
Ҳамзамон интизор меравад, ки ҳайати рӯзноманигорони тоҷик аз шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Бухоро боздид намуда, ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин шаҳрҳои қадимиро тамошо намоянд.
АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






