Сарвазири Ҳиндустон имрӯз раёсати дарпешистодаи G20-ро муаррифӣ мекунад

Ноябрь 8, 2022 10:43

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди рӯзи сешанбеи 8 ноябр дар конфронси махсуси видеоӣ сомона, логотип ва мавзӯи раёсати дарпешистодаи Ҳиндустонро дар G20 муаррифӣ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии мамлакат иттилоъ додааст.

«Сарвазир логотип, мавзӯъ ва сомонаи Раёсати Ҳиндустонро дар G20 8 ноябр муаррифӣ хоҳад кард… Раёсати «Гурӯҳи бистгона» ба Ҳиндустон имконияти беҳамтоеро пешниҳод мекунад, ки саҳми худро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи байналмилалӣ гузорад. Логотип, мавзӯъ ва сомонаи раёсати мо дар G20 паёми Ҳиндустон ва афзалияти муштаракро барои тамоми ҷаҳон инъикос хоҳанд кард»,-хабар доданд дар вазорат.

G20 форуми асосии ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ мебошад, ки ба он тақрибан 85% ММД-и ҷаҳонӣ, беш аз 75% тиҷорати ҷаҳонӣ ва тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон рост меоянд. Давоми раёсати худ дар G20 Ҳиндустон тақрибан 200 вохӯриро дар 32 бахши гуногун дар саросари Ҳиндустон баргузор мекунад. Нишасти G20, ки соли оянда доир мешавад, яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои байналмиллалие хоҳад буд, ки мизбонии онро Ҳиндустон ба уҳда дорад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон хабар дода буд, ки ин мамлакат аз 1 декабри соли 2022 раёсати гурӯҳи G20-ро ба уҳда мегирад ва ба ҳайси раиси G20 ният дорад, ки 9 ва 10 сентябри соли оянда дар Ню Йорк нишасти сарони ин иттиҳодро дар Деҳлии Нав баргузор намояд.

Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ёдовар шуданд, кишвари раисикунандаи G20 ба таври анъанавӣ созмонҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳоеро, ки узви G20 нестанд, ба ҳайси меҳмон даъват мекунад. «Ҳиндустон ба ҳайси раиси G20 Бангладеш, Миср, Маврикий, Нидерландия, Нигерия, Уммон, Сингапур, Испания ва Амороти Муттаҳидаи Арабро ҳамчун кишварҳои меҳмон, инчунин Эътилофи байналмилалии офтобӣ, Эътилоф барои инфрасохтори ба офатҳои табиӣ тобовар ва Бонки Осиёии Рушдро даъват хоҳад кард”, -гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.

G20 соли 1999 бо ташаббуси вазирони молияи ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ – ИМА, Канада, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Италия ва Ҷопон таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии таъсиси он- ҷалби кишварҳои бузурги рӯ ба тараққӣ ба раванди таҳияи чораҳо дар посух ба чолишҳои ҷаҳонӣ буд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 8, 2022 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид