Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Дарвоз боздид намуд

Ноябрь 8, 2022 16:04

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз Парки технологӣ — инноватсионии ноҳияи Дарвоз дидан кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи парки мазкур ду гармхонаи замонавӣ ташкил шудааст, ки дар яке парвариши помидор ва дар дигаре меваҳои ситрусии лимӯ ва мандарин ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон зикр гардид, ки ҳамасола аз гармхонаҳои замонавӣ ҳосили хуб рӯёнида шуда, содирот мегардад.

Дар ин ҷо меҳмонон инчунин бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои доруворӣ шинос гардиданд, ки дар давраи пандемияи «Ковид-19» антисептик истеҳсол мекард. Ҳоло корхона маҳсулоти доруворӣ омода менамояд ва дар он таҷҳизоти технологӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб шудаанд.

Зимни шиносоӣ Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Помир Аква» низ боздид карданд.

Зикр шуд, ки дар ин коргоҳ оби чашма коркард ва ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Дар парки замонавӣ истеҳсоли кулоҳҳои сохтмонӣ, коркарди асал, коркарду бастабандии меваю сабзавот, аз қабили нӯшокии хуч, инчунин афшураи меваю сабзавот, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин истеҳсоли равғани ангат роҳандозӣ гардидаст. Дар шаш корхонаи Парки инноватсионию технологии Дарвоз беш аз 26 номгӯй маҳсулоти ватанӣ тавлид мешаванд. Ҳоло дар ин ҷо беш аз 70 нафар сокинони ноҳияи Дарвоз ба кор ҷалб шудаанд.

Дар саҳни иншоот маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳо ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳайати меҳмонон аз маҳсулоти ватанӣ дидан намуда, ба чунин ташаббуси наҷиб баҳои арзанда доданд.

Дар ошёни дуюми Парки инноватсионӣ се таҷҳизоти ҷадиди истеҳсоли ширкатҳои кореягӣ барои омода кардани мутахассисони талаботи бозори меҳнат, аз қабили таъмиргари нақлиёти автомобилӣ, кафешгари газию барқӣ, дараҷаи шашум, ронандаи мошинҳои гаронвазн, ба монанди булдозер, экскаватор насб гардидаанд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳои ҷадид иттилоъ дода шуд, ки минбаъд дар заминаи Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ истеҳсоли панелҳои офтобӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар доираи ҳамкории судманди ширкатҳои кореягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвазири мамлакат тариқи маҷозӣ имконияти ҷорӣ кардани технологияи пешрафта дар истеҳсолот рӯнамоӣ карда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз фаъолияти корхонаҳои Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронида дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин аз корхонаҳои саноатии ҶДММ «Меваҳои Бадахшон», «Карон пласт», корхонаи банду басти маҳсулоти макаронӣ, коркарди санг, боғи фарҳангӣ ‐ фароғатии «Вамар — Ленд» дидан намуд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Ноябрь 8, 2022 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид