Сироҷиддин Муҳриддин аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба давлат ва мардуми бародари Эрон ибрози таслият намуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузур дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
С. Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон боз шуда буд, дарҷ карда, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози ҶИЭ, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам.
Мо ин амали террористиро қотеона маҳкум намуда, зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид менамоем.
Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Воситаҳои ахбори оммаи давлатии Эрон гузориш доданд, ки 26 октябр дар натиҷаи тирпаронӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози Эрон қариб 15 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Миёни кушташудагон- дастикам як зан ва ду кӯдак низ буд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи «Давлати исломӣ» (Ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуъ) бар уҳда гирифт.
Акс: ВКХ ҶТ








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






